маърӯзакунанда — [معروضه کننده] сифати феълии замони ҳозира аз маърӯза кардан; он ки дар маҷлис, конференсия ва ғ. маърӯза мекунад, сухангӯй, суханрон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маърӯзачӣ — [معروضه چي] гуфт., ниг. маърӯзакунанда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
илмӣ — [علمي] мансуб ба илм; аз рӯи усулу асосҳои илм иҷрошуда; ба талаботи илм ҷавобдиҳанда: асари илмӣ, мақолаи илмӣ, маърӯзаи илмӣ, рисолаи илмӣ, роҳбари илмӣ; кори илмӣ а) фаъолият дар соҳаи таҳқиқи илм; б) асари таҳқиқотӣ дар ягон риштаи илм,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лексия — [ليکسيه] лот. баёни лафзии ягон мавзӯи таълимӣ ё илмию сиёсӣ; маърӯза; суханронӣ; лексияи оммавӣ шакли тарғиб ва паҳн кардани донишҳои сиёсӣ ва илмӣ дар муссисаҳои фарҳангию маърифатӣ; лексияи таълимӣ яке аз шаклҳои таълим ва усулҳои тадрис дар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лектор — [ليکتار] лот. ниг. маърӯзакунанда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
матн — [متن] а. чизи навишташуда, навиштаи аслии китоб, рисола ва ғ. (ба истиснои ҳошия ва шарҳ): матни адабӣ, матни маърӯза, матни танқидӣ // матни интиқодӣ матни асаре, ки бо муқоиса, тадқиқ ва ба эътибор гирифтани фарқи дастнавис ва нусхаҳои мавҷуди… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муқарриз — [مقرّض] нав. он ки ба асарҳои илмӣ, адабӣ, намоишу консертҳо ва ғ. баҳои хаттӣ медиҳад, тақризнавис; муқарризи расмӣ он ки дар ҳимояи рисолаҳои илмӣ бо фикри танқидӣ ӯ эродҳо дар бораи кори илмии дифоъкунанда маърӯза мекунад, оппоненти расмӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нотиқ — [ناطق] а 1. гӯянда, сухангӯй, гапзанандаи моҳир; ҳайвони нотиқ инсон, ки қобилияти нутқ (гап задан) дорад 2. нутқкунанда, маърӯзагар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
референт — [ريفيرنت] лот 1. он ки реферат мехонад 2. он ки аз рӯи масъалаҳои муайян маърӯза мекунад ё мушовир мебошад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сухан — [سخن] гап, калом, гуфтор; сухани бемаънӣ сухани бемағз; сухани обдор гапи таъсирбахш, гапи фасеҳу балеғ; сухани охирин а) сухани баъди ҳамаи гапҳо гуфтаи касе; б) сухани баъди музокира ва фикррониҳо эродкардаи соҳиби маърӯза; сухани подарҳаво… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ